| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ  оид ба экология
    Ахбор

    Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология                  

    IMG-20221116-WA0010.jpg

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бобати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Ҳуҷанд ва дигар сохтору ташкилот ҳамкориро амалӣ намуда истодааст. Баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом тренинги дурӯза барои намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва вобаста ба табиатшиносӣ гузаронида шуд.

    Дар рафти чорабинӣ ба омӯзгорон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр оид ба «Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ», «Муаммоҳои партовҳои пластикӣ ва роҳҳои кам намудани онҳо» ва дигар мавзуъҳои муҳим презентатсия, баромад ва маълумот пешниҳод гардид.

    Қайд кардан ба маврид мебошад, ки чорабинии мазкур дар доираи Лоиҳаи «Мусоидат ба ҳифзи захираҳои об ба воситаи ташаккули муносибати эҳтиёткорона ва пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба истифодабарии самараноки об дар водии Фарғона», ки бо дастгирии Лоиҳаи минтақавии ташкилоти байнахалқӣ (USAID) амалӣ шуда истодааст, ташкил ва баргузор гардидааст.

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барои амалӣ намудани фаъолияти минбаъда оид ба беҳбудии вазъи иҷтимоию экологии минтақа ва ҳифзи муҳити зист ҳамкории судмандро бо чунин ташкилоту сохторҳо, муассисаю идораҳо, аз он ҷумла Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд мунтазам идома медиҳад.


    Бозгашт