| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Тамошои Паёми солонаи Роҳбари олии кишвар дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
    Ахбор

    Тамошои Паёми солонаи Роҳбари олии кишвар дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

    Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид.

    Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

    Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.

     

    
    Бозгашт