| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Тамошои филми ҳуҷҷатии бӯзи пармашох (морхур)  дар толори МД “Тоҷикфилм”
    Ахбор

                Тамошои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи бӯзи пармашох (морхур) дар толори МД “Тоҷикфилм”

                                                                                                              

    IMG_20221022_111249.jpg

    Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон бо МД “Тоҷикфилм” ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 филми ҳуҷҷатӣ дар бораи бӯзи пармашох (морхур) дар Мамнӯъгоҳи давлатии табиии “Дашти Ҷум” ба навор гирифта шуд.

    Санаи 22 октябр бо иштироки масъулон, мутахассисон ва дигар кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар толори МД “Тоҷикфилм” филми ҳуҷҷатии мазкур рӯнамоӣ карда шуд.

    Дар филми ҳуҷҷатии мазкур мақоми ҳифз, паҳншавӣ, муҳити сукунат, саршумор, хусусияти биологӣ, омилҳои маҳдудкунанда, парвариш дар шароити сунъӣ ва тадбирҳои ҳифзи бузи пармашох (морхур) мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шудааст.

    Бузи пармашох аз ҷумлаи ҷонварони нодири куҳистони ҷумҳурӣ аст, ки дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дахлдори он баҳри ҳифзу афзунгардонии ин намуди нодир дар шароити табиати кӯҳсорон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

     IMG_20221022_112456 (3).jpg


    Бозгашт