| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Тамошои дастҷамъонаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби кормандони Кумита
    Ахбор

    Тамошои дастҷамъонаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби кормандони Кумита

    Санаи 21 декабри соли 2021 кормандони  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши мустақими телевизионии  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастҷамъона тамошо намуданд.

    Дар Паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Аз ҷумла, оид ба ҳифзи муҳити зист қайд карда шуд, ки истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад. Истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва шамол ба манфиат мебошад. Бо назардошти ин, қайд карда шуд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

    Аз ҷониби мақомоти зерсохтори Кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути мониторҳо ташкил карда шуда, аз он аҳолии шаҳру деҳот истифода бурданд.

    Супоришҳои дар Паём додашуда ҳамасола сармашқи кори  кормандони соҳавӣ қарор мегирад.

     Дар аввали соли оянда Кумита ва тамоми мақомоти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат тадбирҳои зарурӣ андешида  мешаванд.

    Бозгашт