| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳамкорони азиз,

    Кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоти зертобеи Кумитаро бо санаи фараҳбахши кишварамон – 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

    Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳимтарин сохтори давлатӣ, сипари Ватани мо, ки барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиндагии осоиштаи ҳамватанонамон, марзу буми Ватан, ки рушди минбаъдаи кишвар, сатҳи зиндагии шаҳрвандон, некӯаҳволии мардум ба он вобаста аст, пешбинӣ шудааст.

    Давлат ва Ҳукумати кишвар ба иқтидори мудофиавии артиши миллӣ ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, бо техникаю аслиҳаи нав муҷаҳҳаз гардонидани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ғамхории доимӣ барои таъмин намудани шароити хизматӣ ва маишии хизматчиёни харбӣ зоҳир менамоянд.

    Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сохторҳои мусаллаҳи муташаккил ва касбӣ мебошанд, ки ба савганди ҳарбӣ, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар содиқ буда, қодиранд, ки давлату халқро бо шаъну шараф дифоъ намоянд.

    Мустаҳкам намудани иқтидори ҳарбӣ аз тараққиёти иқтисодии мамлакат ва фаъолияти муташаккилонаи ҳар як коллектив вобаста аст. Мақомоти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, шаҳру ноҳия чи қадар беҳтар ва самарабахштар кор кунанд. Артиши мо, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамон қадар мустаҳкамтар мегарданд.

    Ба муносибати ин санаи фархундаи давлатамон коркунони соҳаи ҳифзи муҳити зист, оилаҳои онҳоро самимона табрик менамоям. Ба ҳамаи Шумо, ҳамкорони азиз, саломатӣ, бахту саодат, фаъолияти пурсамар ба нафъи шукуфоии Ватани маҳбубамон таҳкими иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро орзумандам.

    Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!


    Бозгашт