| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба муносибати Соли нави мелодии 2022
    Ахбор

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба муносибати Соли нави мелодии 2022

    Баъди чанд лаҳза соли нави 2022 мелодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои  нек  ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Таҷлили бошукӯҳи ҷашни бузурги давлативу миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришудаистодаи 2021, бешубҳа, ба болоравии ҳисси ватандориву ватанпарастӣ, худшиносии мардум ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва вусъат ёфтани бунёдкориву созандагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон такони нав бахшида, дар таърихи давлатдориамон саҳифаҳои тозаеро боз намуд.

    Итминони комил дорам, ки дар Соли нави 2022 пайки  шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони аз ин  дучанд мегардад ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист  дар роҳи расидан ба волотарин  ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд, дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

    Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони  Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо ва пешрафту дастовардҳои  навин гардад.

    Бо таманниёту фараҳмандии афзун тамоми кормандони ҳифзи муҳити зистро ба ин муносибат  сидқан табрик гуфта, барои ҳамаи онҳо тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва рӯзгори пурфайзу бобаракати ҳар яки оилаи онҳоро орзу менамоям.

            Саломату муваффақ бошед.


    Бозгашт