| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба  31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        


    Ҳамкорони гиромӣ,

    Имрӯзҳо ҳар як коллективи меҳнатӣ, ҳар як соҳибватани миллати тоҷик бо меҳри гарми ватандорӣ, дар фазои сулҳу суботи комил 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад.

    Ин рӯйдоди муҳим ва тантанаи адолати таърихро, ки ба силсилаи давлатдории беш аз ҳазорсолаи ниёгонамон пайвастагӣ дорад имрӯз, бо оини навини давлатдории кишварамон мардуми мо бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамчун ҷашни асосии миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд.

    Устувор гаштани Истиқлолияти давлатии кишварамон бевосита бо фаъолияти ҳаррӯзаю ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон алоқаманд аст.

    Аз нахустин рӯзҳои ба вазифаи пурмасъули Сарвари давлат шуруъ карданашон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар тамоми ҳастии хешро бахшиданд. Дар зарфи 31 соли Истиқлолият бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари Олии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишварамон навгониҳои зиёде ба вуқуъ пайвастанд. Дар ин давра Ҳукумати мамлакат иқдомҳои бузургро ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум амалӣ намуд. Дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ ин сулҳу амонии кишвар мебошад, ки ба шарофати сиёсати сулҳпарваронаи Роҳбари давлат ва азму иродаи қавии мардуми шарифи мо ба даст омадааст.

    Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагӣ ба ҷашни сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалӣ намудани корҳои обонию созандагӣ дар ҷумҳурӣ” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ки тибқи он то соли 2025 ҳазорҳо иншоотҳои хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода мешавад, рушди устувори мамлакат таъмин мегардад. Ҳамаи ин баҳри зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии давлати соҳибистиқлоли мо ба шарофати ғамхориву заҳматҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истиқлоли мамлакат ба даст омадааст.

    Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати файзи Истиқлоли кишвар ба яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими давлатӣ табдил ёфт. Дар тӯли 31 соли Истиқлолият дар сохтори мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи табиати Тоҷикистон тағйироту дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд.

    Дар ин давра барои тақвият додани иқтидори кадрӣ, ҳамоҳанг сохтани меъёрҳои кишоварзӣ ба талаботи ҳифзи табиат кӯшиши фаъол ба харҷ дода шуд. Барои истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд.

    Ҳамкориҳои Кумита бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ густариш ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикстон то имрӯз ба 10 Конвенсияҳои экологии Созмони Милали Муттаҳид шомил гардида, уҳдадориҳои худро дар сатҳи баланд иҷро намуда истодааст.

    Имрӯз дар ҷаҳон масъалаи гузаштан ба технологияҳои ба муҳити зист камтаъсир ба миён омадааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари комилҳуқуқ дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Чунин тамоюл, пеш аз ҳама, барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳадафҳои иқтисодиёти “сабз” нигаронида шудааст.

    Аз таҷлили 31-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳом гирифта, барои ҳар яки мо зарур аст, ки роҳу усулҳои фаъолиятамонро такмил диҳем, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем, то ки табиати нозанини кишварамон, ки хонаву манзили мост, ҳамеша ободу сарсабз бошад. Итминон дорам, ки обу ҳавои мусоид, осмони софу беғубор, табиати афсункори Тоҷикистони нозанин бо рӯҳияи сокинонаш як ҷаҳон таассурот мебахшад.

    Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азизро ба кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист, тамоми ҳамватанонамон табрику муборакбод мегӯям. Бароятон, ҳамкорони азиз, фаъолияти пурмаҳсули соҳавӣ, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ, барори кору муваффақиятҳои ҳаррӯзаи меҳнатию ҳаётиро таманно менамоям. Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.

    Саломату хонаобод бошед! 


    Бозгашт