Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе
Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, изҳор намуд, ки забони давлатӣ яке аз унсурҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб ёфта, аз замони давлати Сомониён то имрӯз ин забон дар меҳвари асосии коргузории давлатҳо қарор гирифта, асолати худро гум накарда, баракс дар пешрафти илму ирфон хидмати шоиста анҷом додааст.
Таъкид гардид, ки забони давлатӣ ифодакунандаи озодиву истиқлолият, ҳуввияти миллт маҳсуб ёфта,забони зиндаи халқи тоҷик дар масири таърих барои ба даст овардан ва бунёди давлати миллӣ нақши калидӣ бозида, арзишмандтарин китобҳо бо ин забони ноб аз ҷониби фарзандони фарзонаи миллат нигошта шуданд, ки то имрӯз арзиши байналмилалиро доро ҳастанд.
Ҳамчунон, дар ҷаласа таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун як пояи муқаддасоти миллӣ, рамзи озодиву истиқлол, якдигарфаҳмӣ, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дар худ таҷассум намуда, дар таъмини саодату қаноатмандӣ, ифтихору сарбаландӣ ва амну осоиш нақши муҳим дорад.