| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд
    Ахбор

    Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд                           

    286177439_1635425986833591_4898185584435854149_n.jpg

    Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид.

    Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдусалим ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, як қатор собиқадорону кормандони соҳаро барои хизмати шоиста, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, барои ҳамкорӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист намояндагони корхонаҳои калони саноатии вилоят, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма бо сипосномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.


    Бозгашт