| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Таҷлили Рӯзи байналмилалии замин дар вилояти Хатлон
    Ахбор

    Таҷлили Рӯзи байналмилалии замин дар вилояти Хатлон

    Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба санаҳои муҳими экологӣ чорабиниҳои гуногуни экологӣ, аз ҷумла конференсия, семинар, вохӯрию суҳбатҳо ва дигар аксияҳои экологӣ бо ҷалби хусусан хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят мунтазам баргузор мегардад.

    Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо маркази ОРХУС шаҳри Бохтар бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Бохтар 22-апрели соли 2022 конференсияи илми-адабӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии замин бо иштироки зиёда аз 180 нафар хонандагону омӯзгорон баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур маҳсулотҳои ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тоза намоиш дода шуда, хонандагон дар бораи пайдоиши рӯзи ҷаҳонии замин ва бори аввал ҷашн гирифтани ин ид, истифодаи самараноку ҳифзи замин, парваришу истеҳсоли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба наслҳои оянда мерос мондани табиати тоза баромадҳо намуда, дар васфи замин баромаду шеърҳо қироат карда, саҳнаи театрӣ иҷро карда шуд.

    Дар охири чорабинӣ барои иштироки фаъолона дар номинатсияҳои расми беҳтарин, қироати шеър, маъруза ва иҷрои намоиши саҳнавӣ ба хонандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, гурӯҳи «Нозирони сабз»-и муассиса бо либосҳои махсус аз ҷониби маркази ОРХУС-и шаҳри Бохтар таъмин гаштанд.

    Омӯзгорони муассиса барои ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур бо сипосномаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.


    Бозгашт