| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Таҷлили бошукӯҳи Иди Меҳргон дар «Боғи Фирдавсӣ»-и  шаҳри Душанбе
    Ахбор

    Таҷлили бошукӯҳи Иди Меҳргон дар «Боғи Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе

    17 октябри соли 2021 дар «Боғи Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе Ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар Иди мазкур фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ, дигар дастранҷи кишоварзон аз гӯшаю канори мамлакат ба маърази тамошо  ва фурӯш гузошта шуданд.  Дар қатори вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва кишоварзони иштироккунанда дар мавзеи мазкур намоишгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташкил шуд. Намоишгоҳи Кумита дастовардҳои дастгоҳи марказӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», марказу муассисаҳои илмии соҳаи ҳифзи муҳити зистро ташкил медод, ки руҳияи идонаи меҳмонону сокинони пойтахтро болида гардонд.

    Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати дастархони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд ва дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳои бостонӣ, аз нав эҳё гардида, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил мегарданд.

    Дар маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони намоиши дастовардҳои беҳтарин Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. 

      


    Бозгашт