| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Супоридани хонаи навсохташуда ба   сокини аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб
    Ахбор

    Супоридани хонаи навсохташуда ба   сокини аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб

    Дар натиҷаи офати табиӣ, боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 43 адад хона пурра ва 90 хона қисман вайрон шуданд, инчунин қисме аз иншооти ёрирасон зарар диданд.

    Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, барои барқарорсозии ишооти аз офати табиӣ зарардида ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ сафарбар шуда буданд.

    Аз ҷумла, ба мақомоти ҳифзи муҳити зист аз маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб, хонаи №21, ки ба Абдуллоева Давлатмо тааллуқ дорад, вобаста шуда буд. Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи истиқоматии мазкур бо маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурии рузгор муҷаҳҳаз ва дар муддати кӯтоҳ ба истифода супорида шуд. Супоридани хонаи истиқоматӣ санаи 21 августи соли ҷорӣ аз ҷониби раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. ва раиси шаҳри Кӯлоб Вализода А. сурат гирифт.

    Барои дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода супоридани хонаи мазкур, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуд.

           



    Бозгашт