| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Суханронии раиси Кумита Шерализода Б. А. дар Парлумони кишвар оид ба зарурати тағйирот перомуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”
    Ахбор

    Суханронии раиси Кумита Шерализода Б. А. дар Парлумони кишвар оид ба зарурати тағйирот перомуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”

    27 апрели соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” баромад намуд.

    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” 2 августи соли 2011, №760 қабул гардида буд. Баъдан 26 декабри соли 2011, №788 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” дар таҳрири нав қабул шудааст.

    Мақсади асосии лоиҳаи пешниҳодшуда аз он иборат аст, ки дар матни қонун калимаҳои “мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ” ва “мавзеъҳо” мувофиқан ба “ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва “ҳудудҳо” иваз карда шаванд. Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки дар сархати бистуми лоиҳа калимаҳои парма кардани чоҳҳои об ва истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ” ба калимаҳои “истифодаи махсуси об ва партофтани обҳои истифодашуда ба муҳити зист, парма кардани чоҳҳои об” пешниҳод гардидааст.

    Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби вакилон маъқул дониста шуд. 


    Бозгашт