| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Сохтмони маркази солимгардонии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб
    Ахбор

    Сохтмони маркази солимгардонии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб

    Омилҳои босуръат афзудани таъсири инсон ба муҳити зист миқдори намудҳои ҳайвоноте, ки онҳоро хатари маҳвшавӣ таҳдид менамояд сол аз сол меафзояд. Яке аз намуди ҳайвоноти нодире, ки имрӯз таҳти назорати доимӣ қарор дорад, Бабри барфӣ мебошад. Дар рӯи замин танҳо 11 кишвар дар табиати озод ифтихори доштани бабри барфӣ ё озодапалангро доранд. Тоҷикистон низ дар рӯйхати ин кишварҳо шомил шудааст.

    Бабри барфӣ рамзи экосистемаҳои куҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ҳифз ва барқарор намудани саршумори ин намуди ҳайвони нодир аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ сохтмони маркази солимгардонии ҳайвонҳои нодири Тоҷикистон оғоз гардид. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон тайи 50 соли охир шикори ин ҳайвони ваҳшӣ манъ аст ва ҳифз ва нигоҳдории он яке аз самтҳои асосии мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад.

    Барои сохтмони маркази мазкур 10 гектар қитъаи замин дар мавзеи Ҷамантал ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ аз аввали моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, то ба имрӯз 20%-и корҳои сохтмонӣ дар он ба анҷом расонида шудаанд.

    Маркази солимгардонӣ аз нуқтаи санитарӣ, минтақаи карантинӣ ва манораи мушоҳида барои сайёҳон иборат аст.

    Муҳлати сохта ва ба истифода дода шудани маркази солимгардонии ҳайвони нодири Тоҷикистон то соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Мақсади асосии сохтмони маркази солимгардонӣ, ин барқарор намудани саршумори Бабри барфӣ ва табобат намудани онҳо ҳангоми маризӣ мебошад.

        


    
    Бозгашт