| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Собиқдорон ва фаъолони соҳаи ҳифзи муҳити зист  бо нишонҳои сарисинагӣ, сипоснома ва  ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд
    Ахбор

    Собиқдорон ва фаъолони соҳаи ҳифзи муҳити зист бо нишонҳои сарисинагӣ, сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд

    13 сентябри соли ҷорӣ Раиси кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар шаҳри Душанбе тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳуриро бори дигар ба Ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Раиси Кумита таъкид бар он доштанд, ки дар тули 30 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ саҳми кормандони собиқи Кумита назаррас буда, месазад, ки ҷумларо баҳри татбиқи сиёсати давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ намоем. Дар пайи меҳнати самарабахши онҳо иқтидори кадрии Кумита тақвият ёфта, кормандони Кумита имрӯз дар рушди соҳа саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Сипас, фармоиши раиси Кумита аз 3 сентябри соли 2021, №88 дар бораи сарфарозгардонӣ қироат гашт ва дар фазои тантанавӣ барои меҳнати бисёрсолаи самаранок дар соҳа, ноил шудан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ як қатор собиқадорон ва кормандони соҳа бо нишонҳои сарисинагии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист”, ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар интиҳои чорабинии тантанавӣ алоҳида собиқадорони соҳа баромад намуда, барои қадрдонӣ намудани онҳо дар ин рӯзҳои фархундаи Ҷашни таърихию хотирмони миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

       

     

    
    Бозгашт