| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Соҳили дарёву рудхонаҳо тоза мегарданд
    Ахбор

    Соҳили дарёву рудхонаҳо тоза мегарданд

    Тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо ва рудхонаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе 11 маротиба аксияи экологии “Тозагии соҳил” роҳандозӣ гардид.

    Дар ин зимн, бояд хотиррасон намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин аксияҳо пеш аз ҳама тоза намудани соҳили дарёву каналҳо, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар дар шаҳраку маҳаллаҳо буда, иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ далели таваҷҷӯҳи бевоситаи онҳо ба масъалаҳои тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.

    Тибқи иттилои мавҷуда, дар аснои гузаронидани аксия ҳудуди соҳили дарё ва каналҳо дар масофаи 7,725 км тоза кардашуда, дар ҳаҷми 222 м3 партов ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

    Гузашта аз ин, зимни баргузории аксия дар соҳили дарёву каналҳо ва рудхонаҳо бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо вобаста ба риояи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва талаботҳои қонунгузориҳо дар самти нигоҳдории муҳити зист, махсусан покнигоҳдории соҳили дарёву манбаъҳои обӣ, муносибати оқилона намудан ба сарватҳои табиӣ аз ҷумла оби нӯшокӣ суҳбатҳо анҷом дода шуд.

    Ин далел гувоҳи он аст, ки сокинони пойтахт кӯшидаанд, дар таъмини беҳдошти муҳити зист хосатан соҳили дарёву каналҳо саҳмгузорӣ намуда, бо ин амали худ барои тозагию шукуфоии муҳити зист нақши муҳим гузоранд.

     

    Бозгашт