Соҳили дарёву рудхонаҳо тоза мегарданд
Тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо ва рудхонаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад баҳри иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар худуди ноҳияҳои Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе 29 маротиба аксияи экологии “Тозагии соҳил” роҳандозӣ гардид.
Тибқи иттилои мавҷуда, дар аснои гузаронидани аксия ҳудуди соҳили дарё ва каналҳо дар масофаи 20364,23 км тоза кардашуда, дар ҳаҷми 721 м3 партов ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Дар ин давра, тибқи маълумоти МД “Раёсати обёрӣ”-и шаҳри Душанбе аз дохили каналу селпартоҳои ноҳияҳои пойтахт ба таври механикӣ 18736,05 м3, дастӣ 1078,2м3 корҳои тозакунӣ ба анҷом расонидашуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 29368,56 тонна лойқа ва партовҳо бароварда шуд.
Гузашта аз ин, зимни баргузории аксия дар соҳили дарёву каналҳо ва рудхонаҳо бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо вобаста ба риояи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва талаботҳои қонунгузориҳо дар самти нигоҳдории муҳити зист, махсусан покнигоҳдории соҳили дарёву манбаъҳои обӣ, муносибати оқилона намудан ба сарватҳои табиӣ аз ҷумла оби нӯшокӣ суҳбату вохўриҳо анҷом дода шуд.