| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Системаи идоракунии зарфҳои аз заҳрхимикатҳо ва партовҳои пластикии кишоварзӣ холишуда
    Ахбор

    Системаи идоракунии зарфҳои аз заҳрхимикатҳо ва партовҳои пластикии кишоварзӣ холишуда

    20220505_140310.jpg

    5 майи соли ҷорӣ аз ҷониби МД “Маркази миллии иҷрои уҳдадориҳои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар ш. Душанбе (FAO)  дар доираи лоиҳаи грантии “Идоракунии даврагии заҳрхимикатҳо ва нобудсозии заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла, вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бизнес-сохтори Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

    Мавриди зикр аст, ки ҳадафи лоиҳаи болозикр таҳкими иқтидори миллӣ ва минтақавӣ оид ба идоракунии аз ҷиҳати экологӣ оқилонаи партовҳои хатарнок, аз ҷумла ДДТ ва дигар ифлоскунандаҳои устувори органикӣ мебошад. Маҳз ҳамин нуқта ва афзалиятнок будани масъалаи баррасишавандаи семинар, ки ба ҷамъоварӣ ва безараргардонии зарфҳои холишудаи аз заҳрхимикатҳо ва партовҳои пластикии кишоварзӣ (СИЗХАЗ) вобаста мебошад, дар суханронии директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои Кумита Т. Муродов таъкид гардид.

    Дар қисмати дигари чорабинӣ ҳамоҳангсози миллӣ аз Кумита Абдусалим Ҷӯраев ва ҳамоҳангсозии лоиҳа аз ҷониби ФАО Нуралӣ Саидов шарҳи умумии лоиҳаро ба ҳозирин пешкаш намуданд. Ҳамзамон, мушовирони байналмилалӣ С.Робинсон ва А.Ефимкин дар мавзӯҳои таърих ва таҷрибаи “Системаи идоракунии зарфҳои холишуда аз заҳрхимикатҳо” (СИЗХАЗ), “Арзёбии вазъи партовҳои зарфҳои холишудаи аз заҳрхимикатҳо дар Тоҷикистон”, “Имкониятҳои татбиқи СИЗХАЗ дар Тоҷикистон” бо рӯнамо маълумотҳои ҷолибро пешниҳод намуданд. 


    Бозгашт