| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Сифати оби нӯшокӣ беҳтар мегардад
    Ахбор

    Сифати оби нӯшокӣ беҳтар мегардад

    Дар доираи татбиқи амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ як қатор табдирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.

    Тибқи маълумоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе лоиҳаи сармоягузории иловагии “Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе “ аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд бо маблағгузории иловагии грантӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва сохтани хатти муҳофизатӣ-санитарии назди дарёи Кофарниҳон дар масофаи 600 м дар иншооти обгирии КАФ-1 ва КАФ-2 дар масофаи 100 м амалӣ гардида истодааст. Ҳамчунин, корҳо оид ба барқарорсозии хатҳои обу ташноби кӯчаҳои С. Айнӣ, Н. Муҳаммад ва маҳаллаҳои Зебуниссо ва Қаротегин анҷом ёфта истодаанд.

    Тибқи маълумоти КВД “Обу корези Душанбе” истифодаи оби нӯшокӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 91250375 м3-ро ташкил дод, ки аз ин 52975232 м3 аз манбаъҳои зеризаминӣ ва 38275143 м3 тавассути канали дереватсионӣ аз дарёи Варзоб истифода шудааст.


    Бозгашт