| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Шавкату эҳсон ба ятимон
    Ахбор

    Шавкату эҳсон ба ятимон

    Бо мақсади татбиқи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амалишавии сиёсати иҷтимоии давлат ба ятимону бепарастон, хона-интернатҳо аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак № 1»-и шаҳри Душанбе кӯмаки моддӣ расонида шуд.

    Дастгирии ятимону маъюбон, хона-интернатҳо яке аз самтҳои асосии дастгирии давлату ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе муассисаҳое амал мекунанд, ки дар ин ҷо ятимону маъюбон, пиронсолон ва нафарони ниёзманд зери сарпарастии давлату ҳукумат қарор доранд.

    Дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак № 1»-и шаҳри Душанбе аз тарафи Раёсат маводҳои зарурии картошка, равғани растанӣ, уребча ва либоса барои кӯдакон тақдим карда шуд.

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро вобаста ба дастгирии иҷтимоии кӯдакони ятим хуш истиқбол намуда, пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ бо инобати шароити мавҷуда ба муҳтоҷон кӯмак менамояд.

    Шукри давлати Тоҷикистони навин, шукри Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ятимону маъюбон ва ниёзмандонро зери сарпарастии худ қарор дода, намегузорад, ки онҳо хору залил ва бесоҳибии худро пайхас намоянд.

    Воқеан дасти сахову ҷавонмардӣ дароз кардан ба ҳоҷатмандон ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

           

    Бозгашт