| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Шанбегии умумӣ бо иштироки волонтёрон дар шаҳри Хуҷанд
    Ахбор

    Шанбегии умумӣ бо иштироки волонтёрон дар шаҳри Хуҷанд                                                                           

    IMG_2793.JPG

    Бо мақсади тозаву озода намудани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, бо ҷалби волонтёрони филиали ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соҳили дарёи Сир шанбегии умумӣ ва аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид.

    Аз ҷониби волонтёрону кормандони филиал соҳили дарё ва инчунин боғи Камоли Хуҷандӣ аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тоза карда шуд. Дар баробари волонтёрони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамзамон шумораи зиёди сокинони шаҳри Хуҷанд, ки нисбат ба тозагии муҳити атроф бетараф нестанд, дар шанбегӣ иштирок намуда, бо ин васила саҳми арзандаи худро дар тозагиву ободонии муҳити атроф саҳм гузоштанд.

    Боиси зикр аст, ки тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон таъсири мусбат мерасонад.

    Ин навбат махсусан соҳили дарёи Сир интихоб карда шуд, зеро об яке аз неъматҳои муқаддаси табиӣ ба ҳисоб рафта, тоза нигоҳ доштани он яке аз амалҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.


    Бозгашт