| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Шанбегӣ дар Маркази назорати таҳлилии Кумита
    Ахбор

    Шанбегӣ дар Маркази назорати таҳлилии Кумита

    Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми августи соли равон дар Маркази назорати таҳлилии Кумита, ки дар бинои Муассисаи давлатии пажуҳишгоҳи илмию тадқиқоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад, шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин шанбегӣ кормандони Муассисаи пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ, Маркази назоратии таҳлилӣ ва истиқоматкунандагони кӯчаи Балъамӣ, зиёда аз 100 нафарро ташкил медоданд иштирок намуданд.

    Дар шанбегӣ корҳои нармкунии бехи дарахтон, гулу гулзорҳо, тоза кардани ҷӯйборҳои байни маҳалла, баровардани партовҳо ва сафед кардани гирду атрофи корхона ва дигар корҳо ба анҷом расонида шуд.

    Мақсади асосии ин шанбегиҳо тоза нигоҳ доштани кўчаю хиёбонҳо ва корхонаҳо аз ифлосӣ мебошад.

     
    Бозгашт