| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Сессияи пленарии хотимавӣ доир ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ҳисоботҳои гурӯҳҳои корӣ, қабули ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ, қабули ҳисобот, изҳороти хотимавӣ ва пушидашавии ҷаласаи Форуми Конвенсияи гуногунии биологӣ
    Ахбор

    Сессияи пленарии хотимавӣ доир ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ҳисоботҳои гурӯҳҳои корӣ, қабули ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ, қабули ҳисобот, изҳороти хотимавӣ ва пушидашавии ҷаласаи Форуми Конвенсияи гуногунии биологӣ

    Сессияи пленарӣ аз тарафи роҳбари Гурӯҳи корӣ кушода шуда, ба баррасӣ ва муҳокимаи ҳисоботҳои гурӯҳҳои корӣ, қабули ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ доир ба маълумоти пайдарпайии рақамӣ барои захираҳои генетикӣ ва изҳоротҳои хотимавӣ равона шуд.

    Намояндагони давлатҳои Конвенсия пешниҳоду таклифҳои худро ба ҳуҷҷатҳои хотимавӣ, аз ҷумла доир ба маълумоти пайдарпайии рақамӣ барои захираҳои генетикӣ ва дигар пешниҳодҳоро ворид намуданд, ки аз тарафи Котиботи Конвенсия қабул гардиданд.

    Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳуҷҷати хотимавӣ WG2020-4 моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Конвенсияи гуногунии биологӣ дар шаҳри Найробии Кения баррасӣ гардида, баъдан дар Конфронси тарафҳои Конвенсия қабул карда мешавад.


    Бозгашт