| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари омӯзишӣ «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология»
    Ахбор

    Семинари омӯзишӣ «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология»

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бобати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамкориро бо дигар сохтору ташкилот ба роҳ мондааст.         

    Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Ҳуҷанд баҳри татбиқи Барномаи мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи II» дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид корҳои иттилоотӣ ва машваратиро дар шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуда, дар сатҳи 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин шаҳру ноҳияҳои мазкур дарсҳои иловагии экологиро ташкил намудааст.

    Санаҳои 6 - 7 январи соли 2022 дар толори семинар – тренинги омӯзишӣ «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология» баргузор гардид. Дар кори семинар сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ширкат варзида, дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ» баромад намуд.

    Ҳамзамон, дар рафти семинар - тренинг презентатсияҳо дар мавзуъҳои мавриди назар пешкаши иштирокдорон гардид.


    Бозгашт