| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус
    Ахбор

    Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус

    Санаҳои 19 - 20 ноябри соли 2021 дар толори меҳмонхонаи “Сирена”-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус баргузор гардид. Дар кори он намояндагони ҳамаи панҷ Марказҳои Орхус аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруг ва Ғарм, намояндагони дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист, инчунин аз вилояти Суғд сармутахассиси сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ҳамчун шарики доимии Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

    Дар рафти семинар дар бораи қоидаҳо ва принсипҳои Конвенсияи Орхус, ҳуқуқ ба иттилооти экологӣ ва механизмҳои татбиқи он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои асосии иштироки аҳолӣ дар қабули қарорҳои назарраси экологӣ, асосҳо барои ҷустуҷӯи адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус, тартиби роҳҳои муҳофизати ғайрисудӣ (маъмурӣ) ва хусусиятҳои усули ҳимояи судӣ инъикос шуда, ҳамзамон презентатсияҳои Марказҳои Орхус дар бораи фаъолияти худ пешкаши иштирокдорон гардид.

    Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур ба устувор гардидани Марказҳои Орхус бахшида шуда, барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» саҳми назаррас дорад.


    Бозгашт