| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи  “Идеологияи миллӣ: ҳолат ва дурнамо”
    Ахбор

    Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идеологияи миллӣ: ҳолат ва дурнамо”                                         

    IMG_4649.jpg

    Санаи 17 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлиси Кумита дар мавзӯи “Идеологияи миллӣ: ҳолат ва дурнамо” семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Пас аз муаррифии мавзӯъ Ҷамолиддин Яқубов дар мавзӯи болозикр маърӯза хонда, таъкид намуд, ки бунёди тамаддуни ваҳдатгароӣ ва сулҳҷӯӣ дар меҳвари идеологияи миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

    Мавсуф қайд намуд, ки барои таҳким бахшидани худшиносии миллӣ ба шарафи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи кишвар китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров ба таври ройгон тақсим карда шуд.

    Мафҳуми сулҳу ваҳдат бояд ба унвони чузъи таркибии тафаккури миллӣ ба кор гирифта шавад. Чунин мавзӯъҳо бешубҳа барои баланд гаштани донишҳои сиёсии кормандон мусоидат менамояд.


    Бозгашт