Семинари бозомӯзӣ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ
15 апрели соли 2022 дар дастгоҳи марказии Кумита дар мавзуи “Шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ оид ба баробарии гендерӣ” семинари бозомӯзии навбатӣ баргузор гардид.
Муовини сардор ва сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев Н. ба кори семинар оғоз бахшида, суханро барои гузаронидани семинари бозомӯзӣ ба сардори маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Тиллоева Г. дод.
Дар рафти баргузории семинар, аз ҷумла қайд гардид, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти Роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҷеъ ба баланд бардоштани мақоми занон ва таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа шоистаи таҳсин аст. Аз ҷумла дар як давраи кӯтоҳ қабул намудани 13 барномаи давлатӣ ва нақшаю тадбирҳо нишони таваҷҷуҳи беандозаи роҳбарияти олии кишвар ба ин масъалаи мубрам аст.
Семинари бозомӯзӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, баъди шарҳи мавзуъ саволу ҷавоб сурат гирифта ба суолҳои додашуда Тиллоева Г. ҷавобҳои мушаххас дод.