| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари бозомӯзӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин
    Ахбор

    Семинари бозомӯзӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин

    22 апрели соли ҷорӣ дар толори дастгоҳи марказии Кумита бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Дар семинар оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» муовини сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо Неъматзода Н. баромад намуд.

    Қоидаҳои қарори болозикр тартиби муносибат бо партовҳои лампаҳои каммасрафи барқии люминисентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромада ва барои истифода корношоямро, ки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, интиқол ва ҷойгиронии нодурусти онҳо метавонад боиси расонидани зарар ба ҳаёт, саломатии шаҳрвандон, ҳайвонот, наботот ва муҳити зист гардад, муқаррар менамояд.

    Мавзуъи мавриди назар ба таври мушаххас шарҳ дода шуда, сипас байни иштирокдорон ва баромадкунанда суолу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои онҳо аз ҷониби Неъматзода Н. ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.

    Бозгашт