| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинар – машварат оид ба муаррифии лоиҳаи «Таъмини устувори ландшафтҳо ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
    Ахбор

    Семинар – машварат оид ба муаррифии лоиҳаи «Таъмини устувори ландшафтҳо ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

     
    Санаи 20 августи соли ҷорӣ дар ш. Душанбе бо иштироки кормандону мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, намояндагони маҚомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии 14 шаҳру ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон семинар–машварат оид ба муаррифии ҳадафҳои лоиҳаи «Таъмини устувории ландшафтҳо ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар асоси Созишномаи баимзорасидаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи майи соли 2021 аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ оғоз гардидааст.  Дар семинар-машварат намояндагони ин ниҳоди байналмилалӣ ба шакли маҷозӣ иштирок доштанд.
    Сухани ифтитоҳӣ дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумита Мавлодод Абдуқодирхон баён гардид.

    Сипас ба ҳозирин роҳбари гурўҳи татбиқи лоиҳаҳои Кумита Турақул Муродов доир ба лоиҳа, сохтори идоракунӣ ва Қисматҳои он ба таври умумӣ маълумот пешниҳод намуд. Тавре аз маълумоти Т. Муродов бармеояд, лоиҳаи мазкур аз қисматҳои асосии зерин иборат аст: Қисмати аввали лоиҳа - Таҳкими ниҳодҳо ва сиёсат, инчунин ҳамкориҳои байналмилалиро дарбар мегирад. Қисмати дуюми лоиҳа «Устувории ландшафтҳо ва воситаҳо барои зиндагӣ» ва қисмати сеюми лоиҳа – «Барқарор ва сохтмони инфрасохтори зидди обхезӣ дар ҳудудҳои наздисоҳилӣ ва ташаккулёбии манбаъҳои обӣ».

    Пас аз муаррифии ҳар як қисмати лоиҳа миёни иштирокчиёни семинар-машварат табодули афкор сурат гирифт.  



    Бозгашт