| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Сафари кории Раиси Кумита ба мамнӯъгоҳи  табиии давлатии «Дашти Ҷум»
    Ахбор

    Сафари кории Раиси Кумита ба мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум»

    Рӯзҳои 3 ва 4 феврали соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти мамнӯъгоҳ, шароити кории кормандону мутахассисон ва ҳавасмандгардонии онҳо сафари корӣ анҷом доданд.

    Раиси Кумита аз идораи маъмурии мамнӯъгоҳ дидан намуда, бо роҳбарият ва ҳайати кормандони он вохӯрӣ анҷом дода, зимни вохӯрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мамнӯъгоҳ дар соли 2021 ва дигар масъалаҳои ҷории марбут ба фаъолияти мамнӯъгоҳ суханронӣ намуданд.

    Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ, аз ҷониби раиси Кумита бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ, таъминоти моддии мамнӯъгоҳ ва ҳавасмандгардонии кормандони мамнӯъгоҳ 20 ҷуфт либоси соҳавӣ ва дастгирии молиявӣ анҷом дода шуд.

    Дар ҷараёни сафарӣ корӣ раиси Кумита аз экосистемаҳои табиии мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» дидан намуда, зимни сафари саҳроӣ низ дар ҷойҳо бо муҳофизони мамнӯъгоҳ суҳбатҳо анҷом дода, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастурҳо дод.

    Дар фарҷоми сафари корӣ раиси Кумита, доир ба нақши муҳими мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум»–ро дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзунгардонии захираҳои гуногунии биологӣ, алалхусус саршумори намудҳои нодир ва зери хатари нестшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот, аз қабили бузи кӯҳии пармашох ва бабри барфӣ қайд намуда, ҳамзамон ба масъулон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти назорати давлатӣ ва пешбурди мақсадноки корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ супоришҳои мушаххас доданд.

      

    Бозгашт