| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Пурсишҳои сотсиологӣ дар шаҳри Ваҳдат оғоз шуд
    Ахбор

    Пурсишҳои сотсиологӣ дар шаҳри Ваҳдат оғоз шуд               


                                              


    Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ки санаи 5 июн тасдиқ шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва мақомотҳои давлатӣ ва зерсохторҳои он низ таҷлил карда мешавад.

    Ҷиҳати иҷроиши барқияи Кумита, иҷроиши нақша-чорабиниҳои Барномаи маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат барои беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ 19 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат пурсиши сотсиологӣ бо қишри васеи ҷомеа гузаронида шуд.

    Дар ин пурсиш муайян гардид, ки як қисми мардум аз масоили марбут ба муҳити зист маълумот доранд ва қисми дигари он тасаввурот надоранд. Бо шаҳрвандон тариқи сӯҳбати озод ва бо мисолҳои оддӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

    Оид ба ҳалли мушкилоти экологӣ аз тарафи посухдиҳандагон якчанд пешниҳодҳо ироа гардида, аз тарафи мо пазируфта шуд.

    IMG_20230519_122744.jpg IMG_20230519_123805.jpg              


    Бозгашт