| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ
    Ахбор

    Пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ

    Дар ҳамкорӣ бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд дар барномаи иттилоотии «Гуфтугӯи мустақим» 4 нафар сармутахассисони сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок намуданд.

    Мавзӯи барнома ба оғозшавии маъракаи муташаккилонаи ниҳолшинонӣ, ободонӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон бахшида шуд. Дар давоми як соати барномаи мустақим ба тамошобинон дар бораи вазифаҳои хизматии сарраёсат, қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва чораҳои маъмурии пешбинишуда, тибқи қарори раиси вилояти Суғд қоидаҳои маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, муомилот бо партовҳо, аз ҷумла нуқтаҳои муваққатан ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», намудҳои ҳайвоноту растаниҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида маълумоти мухтасар ва ба як қатор саволҳои додашудаи бинандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

    Ҳамзамон, дар силсила барномаҳои «Эъҷози табиат»-и радиои вилояти Суғд дар бораи гузаронидани корҳои биотехникӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, маълумот дар бораи санаҳои экологӣ аз ҷумла 2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат ва зерсохторҳо баромад карда шуд.

    Ташкили барномаҳои мазкур дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» амалӣ гардидааст.


    Бозгашт