| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Пайёми Президент меҳвари пешбарандаи ҷомеа
    Ахбор

    Пайёми Президент меҳвари пешбарандаи ҷомеа

                                                                    

    IMG_0414.JPG

    Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки Розиқ Нурзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино вохӯрӣ бо аъзоёни ташкилоти ҳизбии “Посдорони табиат” доир гардид.

    Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, Лоиқ Раҳмонзода роҳбари ташкилоти ҳизбии “Посдорони табиат” зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустиву маориф, ҷавонон ва сайёҳии экологӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

    Сардори давлат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масълаҳои обу иқлим эътироф шуда, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пиряхҳо” қарор қабул намуд. Албатта, ин рӯйдод боиси ифтихор ва қаноатмандии мардуми кишвар шуд, зеро ин панҷумин ташаббуси Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналхалқӣ мебошад.

    Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино зимни суханронӣ қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола бо ифтихормандӣ зикр намуданд, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуд.

    Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 бо ибтикороти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва таъмини сарсабзию шукуфоии талу теппаҳои пойтахт ба миқдори 6715 бех дарахтони ороишӣ шинонида мешавад.

    Чунин тадбир шароит фароҳам меоварад тоДушанбе воқеан ба “шаҳри сабз” табдил ёбад.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ, 8 нафар кормандони ҷавон дар вазъияти тантанавӣ ба узвияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

    Бозгашт