| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Паём-раҳнамои ҷомеа
    Ахбор

    Паём-раҳнамои ҷомеа

    Дар толори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе  вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа баргузор гардид.

    Дар оғоз, сардори Раёсат Н. Раҳимзода роҷеъ ба нуқтаҳои муҳими Паём суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар Паёми имсола ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки имрӯз дар кишвари мо 98 дарсади нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи  энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” Тоҷикистон дар ҷойи шашум қарор дорад.

    Масъалаи дигаре, ки дар Паём таъкид гардид, ин ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе”  пазируфта шудааст, мебошад. Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ амалӣ шуда истодааст.

    Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилотҳои дигари экологист. Масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурияти талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти замони муосир мавриди  таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст. Ҳамчунон дар Паём таъкид гардид, ки тақрибан сеяки умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.

    Гузашта аз ин, қайд гардид, ки дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарафманди тоҷик тавонистанд дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир бо меҳнати содиқона ва ҳисси баланди миллӣ ватанро ободу зебо ва сарсабзу шукуфон намоянд. Мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар ин давра дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ равнақ ёфта, дар ин росто вазъи экологии Душанбе ба маротиб беҳтару хубтар гардид. Ин ҳама дастовардҳо маҳз аз сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат далолат медиҳад.

    Дар доираи амалишавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо таҳия гашта, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд.



    Бозгашт