| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Озмуни ҷумҳуриявӣ байни рӯзноманигорон дар мавзӯи «30 соли Истиқлолияти давлатӣ-қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист»
    Ахбор

    Озмуни ҷумҳуриявӣ байни рӯзноманигорон дар мавзӯи «30 соли Истиқлолияти давлатӣ-қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» 

     

    14 сентябри соли равон дар толори маҷлисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими мукофотсупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ байни кормандони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «30 соли Истиқлолияти давлатӣ-қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» доир гардид.

    Маҷлиси тантанавиро муовини раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Суфиҷон оғоз бахшида, аз номи раиси Кумита иштирокдоронро ба «30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт. Дар сухани табрикотӣ аз ҷумла қайд карда шуд, ки имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни давлатии кишвар - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани азизамонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Истиқлолият ба мардуми тоҷик қувваи тавоное бахшида, барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар устувор гаштани давлатдории навин замина гузошт ва барои рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии кишвар шароити заруриро фароҳам овард.

    Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма яке аз ҳадафҳои натиҷаовар ва дар мадди назари ҳамешагии мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад. Ташкили ҳамин озмунҳои ҳарсолаи экологӣ байни воситаҳои ахбори омма низ бозгӯи ҳамкории зичи Кумита бо хабарнигорони васоити ахбори омма мебошад, чунки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ саҳми васоити ахбори омма ниҳоят калон аст. 

    Сипас дар фазои тантанавӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

    Дар интиҳои чорабинӣ алоҳида ғолибони озмуни мазкур баромад намуда, саҳми Кумитаро дар ҳамкории зич бо воситаҳои ахбори омма, намунаи ибрат арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо бо ниҳодҳои мақомоти мазкур боз ҳам тақвият меёбанд. 


    

    Бозгашт