| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар шаҳри Панҷакент
    Ахбор

    Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар шаҳри Панҷакент

    Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Панҷакент озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзида,  гӯшаҳои намоиширо ба маъраз гузоштанд.

    Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, маводи видеоӣ оид ба корҳои иҷрошудаи гурўҳи нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд.

    Аз рӯи ин шартҳо зиёда аз 60 нафар хонандагони синфҳои аз 6 то 11 иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф, ба донишу фаҳмиши хонандагон доир ба муҳити зист баҳои баланд доданд. Ғолибони озмун аз тарафи  намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

      
    Бозгашт