| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Озмуни «Боғи беҳтарин»  ҷамъбаст гардид
    Ахбор

    Озмуни «Боғи беҳтарин»  ҷамъбаст гардид

     Ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни «Боғи беҳтарин» ҷамъбаст гардид.

    Дар ҷараёни баргузории ҷамъбасти озмун, Толиб Раҳимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, зикр намуд, ки тибқи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе озмуни мазкур ҳамасола байни боғҳои фарҳангу фароғатӣ доир гашта, ҷиҳати ҳавасмандгардонии муассисаҳои болозикр дар равнақи корҳои ободониву сабзазоркунӣ, созандагӣ ва бо гулу сабза ороиш додани муҳити боғҳои истироҳатӣ бо мукофотҳои пулӣ ва «Диплом»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

    Сипас, аз ҷониби  Толиб Раҳимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе барои ғолиби озмуни шаҳрии «Боғи беҳтарин» ба  МД «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» мукофотпулӣ ба маблағи 10 000 ҳазор сомонӣ ва  «Боғи Алишери Навоӣ» бо «Диплом»-и дараҷаи 1, МД «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Боғи Устод Рӯдакӣ) бо «Диплом»-и дараҷаи 2 ва МД «Боғи фарҳангию фароғатии Хайём»,  бо «Диплом»-и дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.


    Бозгашт