| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Қонуншиканӣ дар самти олами ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ
    Ахбор

    Қонуншиканӣ дар самти олами ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ

    Ҳангоми бурдани назорати давлатӣ аз тарафи нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумита дар обанбори “Баҳри тоҷик” дар вилояти Суғд 5 нафар қуруқшикан дастгир карда шуд. Дастгиршудагон бо турҳои капронӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд.

    Аз қонунвайронкунандагон ба миқдори 15 адад турҳои моҳидории дарозиашон 1500-метра, инчунин як адад муҳаррики қайиқи резинии намуди “Тахассу-15” ва ба миқдори 220 дона моҳиҳои намуди суфмоҳӣ (судак), карас ва жерех, ки вазнашон 72 кг-ро ташкил медод, мусодира  карда шуд.

    Нисбати қонуншиканон   протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

     
    Бозгашт