| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бомаром идома дорад
    Ахбор

    Омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бомаром идома дорад

    Аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳру ноҳияҳо, шоҳроҳҳо ва биноҳои маъмурии шуъбаю бахшҳот ҳудуди вилоят шиору овезаҳои ҷашнӣ гузошта шуда истодаанд.

    Тибқи маълумотҳои пешниҳодшуда биноҳои маъмурии Раёсат, шуъбаю бахшҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар атрофи онҳо корҳои ободонӣ, ва шинонидани гулу гулбуттаҳои ороишии гуногун муташаккилона идома доранд. Ҳамчунин, дар ҳамаи марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шоҳроҳҳо муҷассамаҳои ҳайвонотҳои нодири Тоҷикистон ҷойгир кунонида шудаанд, ки ба симои шаҳру ноҳияҳо зебогии афзунтар зам мегардад.

    Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо оид ба беҳдошту солимгардонии муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаю роҳравҳо, хиёбонҳо, эмин нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз ифлосиҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.


    Бозгашт