Ғолибони озмуни экологӣ дар Маҷлиси намояндагон муаян шуданд
Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, инчунин, барои ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ батағйирёбии иқлим» - ро эълон намуда буд.
Озмунҳои мазкур аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор ва 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда шуданд.
Санаи 20 январи соли 2023 ғолибони озмуни мазкур аз тарфи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Муфассал дар ин ҷо метавонед хонед: parlament.tj