| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Нуробод
    Ахбор

    Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Нуробод

    Бо иқдоми Бахши ҳифзи муҳити зист ва дастгирии раиси ноҳияи Нуробод оид ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оғоз гардид. Дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ 186 бех дарахти сафедор дар лаби роҳравҳои маҳаллаҳои шаҳраки Дарбанд шинониданида шуд.

    Дар ин тадбири кабудизоркунӣ роҳбарият ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуда, иқдоми мазкурро ҳамаҷониба дастгирӣ намудаанд.

    Шинонидани ниҳолҳо бо тартибу риояи қоидаҳои тавсиянамудаи мутахассисон ба роҳ монда шуда, барои таъмини нигоҳубини минбаъдаи онҳо ба зиммаи кормандони КФД «Хоҷагии манзилию Коммуналӣ»-и ноҳия вобаста карда шуд.

    Тавре масъулин иброз намуданд сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар оянда метавонад барои таъмини беҳдошти муҳити зист ва зебоии ин мавзеъи шаҳраки навбунёди Дарбанд мусоидат намояд.

    Бо дастгирии раиси ноҳия ва ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия баҳри ҳифзу беҳдошти муҳити атроф тавассути кабудизоркунӣ ҳамасола чунин тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуда, дар баробари шафати роҳҳо, боғу гулгаштҳо, оромгоҳҳо, ҳамзамон дар ҳудуди чунин мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда низ ниҳолони сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад.

    Рафти иҷрои чунин корҳо дар ин самт идома дошта, тибқи нақша дарахтони сафедор марҳила ба марҳила дар мавзеъҳои муайяншуда шинонида мешавад.


    Бозгашт