| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
    Ахбор

    Ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

    10 декабри соли 2021 бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар рафти ин маърака тамоми корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

    Дар маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зиёда аз 160 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи сосна, кипарис, зиёда аз 70 бех дигар навъи ниҳолҳо дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорон ва дигар маҳалҳои аҳолинишини ноҳия шинонида шуд.

    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус барои дар муҳлати муқарраргардида, пурра ба анҷом расонидани нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳад бурд.

      

    Бозгашт