| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ
    Ахбор

    Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ

    Дар мавсими ниҳолшинонию хуррамгардонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинонидани шинонидани 25 ҳазор бех ниҳолони гуногуни сояфкану ҳамешасабз ва садҳо ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Тибқи нақша-чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур, дар доираи маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, рӯзҳои истироҳат кормандони касбу кори куногун ба ҳашарҳои оммавӣ ҷалб карда мешаванд.

    Дар чунин як иқдоми кабудизоркунӣ, дар шафати шоҳроҳи мошингарди Бохтар-Дӯстӣ-Панҷи Поён ниҳолони ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуд, ки дар ин кор мутахассисони соҳа оид ба риоия дурусти ниҳолшинонӣ ба иштирокчиён маслиҳатҳо доданд.

    Тавре масъулин иброз доштанд дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ баҳри таъмини нигоҳубини минбаъдаи ниҳолон ва гулҳои  шинонидашуда тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамасола сабзиши ниҳолон ва гулу буттуҳои ороишиву ҳамешасабз таъмин мегардад.

      
    
    Бозгашт