| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ниҳолшинонӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Ниҳолшинонӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ҳисор

    Дар асоси дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳит зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми раиси шаҳри Ҳисор дар таҷлили рӯзи байналмилалии Наврӯз дар якҷоягӣ бо филиали ҷамъияти ҳилоли Тоҷикистон 26 марти соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

    Дар маърака раиси шаҳри Ҳисор, намояндагони ширкати мазкур, кормандони касбу кори гуногун ва сокинони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Алмосӣ, мавзеи Шоҳамбарӣ беш аз 270 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин маъракаҳои экологӣ баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон буда, инчунин барои баланд бардоштани маърифатнокии экологии сокинони шаҳри Ҳисор нақши назаррас дорад.

      


    Бозгашт