| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқоти раиси Кумита бо вазири муҳити зисти Қатар дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳо дар Глазго
    Ахбор

    Мулоқоти раиси Кумита бо вазири муҳити зисти Қатар дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳо дар Глазго

    2 ноябр дар доираи Конфронси 26-уми ҷонибҳо, ки дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир аз 1 то 12 ноябри соли 2021 гузаронида мешавад, мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар доктор Фалеҳ Носир Ал Тани баргузор гардид.

    Дар рафти мулоқоти дуҷониба ҷонибҳо як қатор масъалаҳои ҷолибро мавриди баррасӣ қарор доданд, аз ҷумла, ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷӯҳ зоҳир гашта, ин иқдом аз ҷониби давлати Қатар мусбӣ арзёбӣ шуд.

    Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои таҳия ва имзои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва тайирёбии иқлими Қатар, рушди туризми экологӣ байни кишварҳо ва як қатор масъалаҳои дигарро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо аз ин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои густариши ҳамкориҳо доир ба масъалаҳои дар боло зикршуда зарур шумориданд, ки тадбирҳои мушаххасамалӣ намоянд.

    Бозгашт