| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Кумитаи давлатии экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
    Ахбор

    Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Кумитаи давлатии экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    5 майи соли равон дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

    Дар мулоқот маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муфассал баррасӣ гардид.

    Дар доираи сафари ҳамкасбони ӯзбек, ки аз 4 май то 11 майи соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, як қатор чорабиниҳо ва вохӯриҳо вобаста соҳаи экология ва муҳити зист, табодули таҷриба ва эҳёи нерӯи хамкории дутарафа сурат мегирад.

    Барои меҳмонони хориҷӣ баргузории як қатор чорабиниҳои шиносоӣ аз ҷумла боздид аз мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаи ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ, ноҳияҳои Шӯроободу Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ ба нақша гирифта шудааст.

     


    Бозгашт