| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд
    Хабар

    Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд            

    IMG_3629.jpg

    24 майи соли 2022 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо хонум Кейт Ҳюз, мутахассиси калони Бонки Осиёии Рушд оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

    Дар рафти вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбута баррасӣ шуда, афзалиятҳои асосии ҳамкорӣ ва маҷмӯи тадбирҳои миллии андешидашуда оид ба паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим, аз ҷумла Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон зикр гардид. Барои ҳар яке аз 5 бахшҳои асосии саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда як қатор чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидор ба нақша гирифта шудаанд.

    Ҳамчунин, зикр гардид, ки корҳо дар самтҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла омодагии Тоҷикистон ба Конфронси 27-умин тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Миср баргузор мешавад, идома дорад.



    Бозгашт