| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ
    Ахбор

    Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ


    8 июни соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон бо хонум Ҷенифер Сара, директори глобалии об дар Бонки Ҷаҳонӣ, дар чаҳорчӯби Конфронси  2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мулоқот намуд.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мониторинги партовҳои газҳои гулхонаӣ, саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва системаи мониторинги гузоришдиҳӣ ва санҷишро дар доираи Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим баррасӣ карданд.

    Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои иштирок дар Конфронси 27-уми дарпешистодаи ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим ва таҳияи тадбирҳои мутобиқшавӣ дар доираи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Дар рафти мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳори назар карда шуд.

     IMG_4470.JPG  IMG_4490.JPG  IMG_4475.JPG

    Бозгашт