| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқот бо намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID)
    Ахбор

    Мулоқот бо намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID)

    7 апрели соли равон вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. бо намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаи амалигардонии Ҳиссаи дар сатҳи миллии муайяншудаи Тоҷикистон муҳокима гардид.

    Зимни вохӯрӣ муовини якуми раиси Кумита аҳамияти андешидани тадбирҳо оид ба мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳамкории байнисоҳавиро қайд намуд.

    Масъалаҳои баланд бардоштани иқтидор ва таъсиси котиботи Ҳиссаи дар сатҳи миллии муайяншудаи Тоҷикистон низ зимни вохӯрии мазкур баррасӣ гардид.


    Бозгашт