| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Моҳи чорабиниҳо оид ба иқлими сабз
    Ахбор

    Моҳи чорабиниҳо оид ба иқлими сабз

                                                                                 

    301388110_600186414938530_342805141379889256_n.jpg

    
    

    Дар доираи «Моҳи чорабиниҳо оид ба иқлими сабз», ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Лоиҳаи минтақавии GIZ «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар асоси технологияҳо дар ноҳияҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон», ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, чорабинии «Харитасозии муштарак дар Тоҷикистон» - тренинг оид ба асосҳои харитасозӣ бомуваффақият баргузор гардид.

    Тренинг 23 августи соли равон аз ҷониби мутахассисони платформаи OpenStreetMap аз ташкилоти ҷамъиятии «Замини хурд» баргузор гардид.

    Бояд гуфт, ки иштирокчиёни асосии чорабинӣ ҷавонони аз 15-сола боло буданд, ки мехоҳанд мутахассиси соҳаи харитасозӣ ва банақшагирии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим шаванд.



    Бозгашт